35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии гимназияи №4 сохта мешавад
СУҒД, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои иловагии гимназияи №4 санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
«Дар вилояти Суғд дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда мешавад», — иброз гардид зимни суҳбат бо аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 960 хонанда дар як баст сохта, ба истифода дода мешавад.
Сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании «Тоҷ-сохтмон» амалӣ мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозӣ дорад.
Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маорифро зарур аст наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои забондону соҳибкасб шудани онҳо аз тамоми имконият истифода баранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






