АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 3 рӯзи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар умум 768 силоҳи сард дарёфту мусодира гардида, нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин раёсат хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардонидани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда шуруъ аз 8 август дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақа амалиёти шартии «Корд» гузаронида шуд. Дар доираи амалиёт кормандони милитсия якчанд нуқтаҳои фурӯши корду табарчаҳои ғайристандартӣ, электрошокер ва кастетро муайян намуда, фаъолияти онҳоро қатъ намуданд.
Аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Хатлон аз шумораи умумии силоҳҳои сарди дарёфтшуда, аз ҷумла 700 корди гуногунтамға (дудама, рахдор, финка), 24 кастет, 2 электрошокер ва 42 табарчаи сохти ғайримуқаррарӣ дарёфту мусодира шуд.
Таҷрибаи тафтишотӣ собит намудааст, ки ҷовонону ноболиғон ин қабил предметҳоро на ба хотири истифода дар корҳои хоҷагидорӣ, балки бо мақсади бо худ нигоҳ доштану дар муноқишаҳо истифода бурдан, ҳамзамон тарс додани рақибон харид мекунанд, ки далелҳои зиёде аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Мақомоти милитсияи Хатлон ба фаъолони ҷомеа ва шаҳрвандоне, ки бо мақсади аз байн бурдани ин омили номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ менамоянд, изҳори миннатдорӣ менамояд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






