Аз ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ва чангу ғубор эҳтиёт намоед!

Август 17, 2024 10:02

ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 16-19 август ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал омада, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо, дар роҳҳои кӯҳӣ резиши санг ва ярч вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумита аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд. Инчунин ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия дода мешавад, ки зуд-зуд ҳавои хонаро тару тоза нигоҳ дошта, саломатиро эмин нигоҳ доранд.

Дар ин рӯзҳо одамон бояд бештар оби тоза нӯшанд, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, хуб аст. Тавсия дода мешавад, ки тирезаҳои хона пӯшида бошанд ва ҳавои дохили хона пайваста тоза нигоҳ дошта шавад. Бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш набояд кард. Тирезаҳои хонаро бо дока ва ё тӯр бипӯшед, то хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам шавад.

Ҳамчунин духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафас ҳастанд, тавсия дода мешавад, ки меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо нигоҳ доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2024 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд