Ба кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ роҳҳои муқовимат ба коррупсия фаҳмонида шуд

Август 23, 2024 13:40

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 август вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Дар вохӯрӣ оид ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ паст намудани шиддати коррупсия ибрози андеша карда шуд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир дар радифи дигар зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз фасод ё коррупсия мебошад. Коррупсияро наметавон танҳо як ҳодисаи ҷиноӣ унвон кард, зеро он доираи васеи муносибатҳоро фаро мегирад.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза бар зидди ин зуҳурот, инчунин дар самти амалисозии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ибрози андеша намуда, аз оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат ба иштирокчиён маълумот дод.

Таъкид гардид, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишоф ва рушди давлатҳо гардидааст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Муқовимат ба ин зуҳурот ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.

Иброз гардид, ки барои пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо 25 сентябри соли 2006 ба ин конвенсия имзо гузошт ва он ба низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 23, 2024 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд