БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад

Август 17, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 30 сол сипарӣ гардид. 17 августи соли 1994 бо қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи Душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд.

72 фоизи боркашонӣ дар Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад

Истифодаи нақлиёти роҳи оҳан дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муассир дошта, беш аз 72 дарсади боркашонӣ дар самти байналмилалӣ — содирот ва воридот тавассути роҳи оҳан амалӣ карда мешавад. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ.

«Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муассир дорад

Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» афзуд, ки «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.

Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муассир гузошт.

Танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2024 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 3,2 миллион тонна бор ва 214, 1 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки боркашонӣ 100,1 фоиз ва мусофирбарӣ 100,6 фоизро ташкил дод.

Барои дастгирии соҳибкорон то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод гардид

Барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст. Ҳамчунин бо маъмурияти роҳи оҳани давлатҳо ҳамкории судманд ба роҳ монда, аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар давлатҳо сабукиҳои назаррас барои боркашонӣ дастрас намудааст. Дар қатораи мусофирбари Душанбе-Кӯлоб 60 фоиз ва дар мувофиқа бо роҳҳои оҳани давлатҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон ба мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, то 45 фоиз сабукиҳо пешбинӣ шудааст.

Таъмири беш аз 90 вагони боркаш ва мусофирбар

Дар корхонаи вагонтаъмиркунии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 92 вагон- 89 боркаш ва се мусофирбар аз таъмири асосӣ ва 194 вагон- 193 боркаш ва як мусофирбар аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шудааст.

Алҳол дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 474 вагони боркаш ва 300 вагони мусофирбар ва 16 локоматив коршоям мебошанд.

Ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар хатсайрҳои байналмилалӣ

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари байналмилалӣ ҳаракати қатораҳои мусофирбар дар хатсайри «Душанбе-Тошканд-Душанбе», «Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб», «Душанбе-Волгоград-Душанбе» ва «Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд» ба роҳ монда шуд, ки дар интиқоли мусофирон аз Тоҷикистон ба Узбекистон ва Русия нақши муассир мегузоранд.

Фурӯши чиптаҳо бо роҳи ғайринақдӣ дар қатораҳои байналмилалии мусофиркашонии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавассути ҳамёни электронии АСУ «Экспресс» ба таври онлайн амалӣ мешавад, ки барои хариди чипта муносиб ва муфид аст.


Давраи навини рушди роҳи оҳани Тоҷикистон

Нахустин роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои истиқлол хати роҳи оҳани Бохтар -Кӯлоб буд, ки соли 1999 ба истифода дода шуд. Аз моҳи марти соли 2009 сохтмони хати Ваҳдат—Ёвон оғоз гардид ва 24 августи соли 2016 ба истифода дода шуд.

Давраи навини рушди роҳи оҳани Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991- санаи мақоми давлати соҳибихтиёрро гирифтани мамлакат шуруъ мегардад. 17 августи соли 1994 бо қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи Душанбегии Роҳи оҳан и Осиёи Миёна Роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ роҳи оҳани ҷумҳурӣ, ки яке аз бахшҳои асосии нақлиёт маҳсуб мешавад, ба таҳаввулоти чашмрас ноил гардид. Роҳи оҳани «Бохтар –Кӯлоб» 7 сентябри соли 1999 бо масофаи 132 км мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатӣ 24 августи соли 2016 қитъаи роҳи оҳани «Ваҳдат-Ёвон» бо масофаи 40,7 км сохта ба истифода дода шуд.

Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаи роҳи оҳан

Имрӯзҳо лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории сохтмони хати нави роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ- Ҷайҳун-Панҷи Поён» ва роҳи оҳани фаръии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таҳия шудаанд, ки марказҳои иқтисодии ҷануби мамлакатро бо дигар давлатҳо ва роҳҳои оҳани минтақа пайваст менамоянд.

Ҳамзамон лоиҳаҳои сармоягузории харидории вагону локомотивҳо таҳия гардида, барои муаррифӣ ва маблағгузории минбаъда ба якчанд созмону фондҳои маблағгузор ва шарикони рушд пешниҳод гардиданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Август 17, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд
Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бунёд карда мешавад
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад
Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тавсеа меёбанд
Дар Душанбе лоиҳаи «Маблағгузории соҳибкории занон» баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ҳамкориро дар самти экология, энергетика ва саноат тақвият мебахшанд