Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим» ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт» созишномаҳои грантӣ ба имзо расонида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, созишномаҳоро 12 август Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон хонум Шени Кембел ба имзо расониданд.
Маблағи лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим» 50 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, ба дастгирии буҷети давлатӣ равона карда мешавад.
Ҳадафи асосии барнома аз таҳкими корхонаҳои хурду миёна, такмил додани идоракунӣ, шаффофият, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани мусоидат ба савдои байналмилалӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим иборат мебошад.
Мақсади асосии маблағгузории иловагии лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт»- ин ивазкунӣ ва ба кор андохтани агрегати рақами 4-и ин неругоҳ буда, он боиси то 274 МВт зиёд шудани иқтидори генераторҳо мегардад.
Арзиши маблағгузории иловагии лоиҳа 21 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ шудааст.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






