Беморхонаҳои шаҳри Турсунзода баъди таъмиру навсозӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуданд
ТУРСУНЗОДА, 18.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қисми зиёди шуъбаҳои Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва беморхонаи рақами 2-и ин шаҳр таъмири пурра шуда, табибони он ба сокинони шаҳр ва берун аз он дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ мерасонанд.
Тавре сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода Тоҷиддин Ҳокимзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имсол аз тарафи масъулини беморхона дар якҷоягӣ бо соҳибкорони ватандӯст шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ, шуъбаи тавалудхона, шуъбаи эҳёи зоишгоҳ, шуъбаи оризаҳои ҳомиладорӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, ошёнаи маъмурияти беморхона ва қисмати берунии деворҳои беморхона таъмири асосӣ карда шуд. Ҳамзамон барои 1100 нафар кормандони беморхона ва беморон беҳтарин шароити корӣ ва маишӣ муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии тандурустӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба беморхонаи марказии шаҳр таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгении рақамии сайёр, як адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ, як адад дастгоҳи обкашак, ду адад оксигенератор, се адад инфузомат, як адад ЭКГ, як адад дефибрилятор, 4 кати функсионалӣ ва як кардиомонитор ворид карда шуд. Дар айни замон ба воситаи дастгоҳи рентгении рақамии сайёр беморони ҳолаташон вазнинро дар бистари беморӣ ташхис менамоянд.
Сардухтури беморхонаи №2 –и шаҳри Турсунзода Саида Шарифзода изҳор намуд, ки “таҳти сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст ва кормандони беморхона давоми солҳои 2023-2024 дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи №2 –и шаҳр, шуъбаи дарунии беморхона, шуъбаи физиотабобатӣ, шуъбаи қабул, шуъбаи асаб, шуъбаи кӯдакона, шуъбаи эҳёгардонӣ ва шуъбаи ташхисӣ дару тирезаҳои кӯҳнаи чӯбин бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз карда шуд. Шуъбаҳо таъмири пурра ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Давоми ин солҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаи №2 –и шаҳри Турсунзода як нақлиёти ёрии таъҷилӣ, 30 кати хоб, 16 гармидиҳаки барқӣ, як дастгоҳи маҳс, 4 оксигенератор, термосканер, 20 асбоби ҷарроҳӣ ва гинекологӣ, дастгоҳи оксигендиҳанда, дастгоҳи электрофарез, дастгоҳи солюкс ва дарсонвал ва дигар намуди дастгоҳу лавозимоти тиббӣ ворид карда шуд, ки ба осону сифатнок гардидани кори табибон мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва беморхонаи №2 –и шаҳр коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббӣ насб гардида, хати таъмини кислород муҳайё шуд. Хати кислород ба шуъбаҳои ин беморхонаҳо пайваст мебошад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ беморон аз он истифода менамоянд.
Масъулини ин беморхонаҳо имрӯзҳо кӯшиш доранд, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шуъбаҳои боқимондаи беморхонаҳоро пурра таъмир намуда, ба сокинон дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ расонанд.
Дар зер аксҳо аз ин беморхонаҳо манзур мешаванд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






