БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Темур Раҳимов медали биринҷӣ ба даст овард

Август 2, 2024 20:40

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар сабқат барои медали биринҷӣ варзишгари тоҷик бар Анди Гранда аз Куба пирӯз шуд.

Темур дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови узбекистонӣ ғолиб омад.

Ӯ дар даври нимниҳоӣ аз Теди Ринери фаронсавӣ шикаст хӯрд.

Бояд тазаккур дод, ки аз 6 аъзои ҳайати ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни + 81 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарёб гардид. Барои ҷудочиёни дигар, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ (+ 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (- 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (- 90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (- 100 кг) мусобиқа бе натиҷа анҷом ёфт.

Ҳамчунин шаби 1 ба 2 август муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс бар Ҷек Марлии  ирландӣ бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз гардида, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Муштзани тоҷик дар ин давр бо варзишгари узбекистонӣ вориди ринг мешавад.

Ёдовар мешавем, муштзаноне, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс мебароянд, аллакай ҷоизадори ин мусобиқа мебошанд.

Ду муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Мижгона Самадова дар марҳилаи аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз идомаи иштирок дар мусобиқа маҳрум гаштанд.

АКС аз бойгонӣ

Август 2, 2024 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Темур Раҳимов дар даври нимниҳоӣ бо Тедди Ринери фаронсавӣ рақобат менамояд
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар даври нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 рақобат менамояд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз 10 то 20 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ медиҳад
Дар Париж ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба ҳамбастагии олимпии Осиё баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Сербия ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳанд
Сомон Маҳмадбеков: «Медаламро ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми тоҷик мебахшам»
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Сомон Маҳмадбеков соҳиби медали биринҷӣ гардид
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Сомон Маҳмадбеков барои медали биринҷӣ рақобат менамояд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Сомон Маҳмадбеков рақобатро дар даври тасаллобахш идома медиҳад
Дар Париж тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ФИФА ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар соҳаи варзиш тақвият мебахшанд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Дар маросими ифтитоҳ Темур Раҳимов Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд