ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар оғози чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бар дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи балнд баргузор гардид. Голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Муҳаммад Назриев, Аҳмадҷон Шоев ва Назрулло Ашӯрализода ба нишон расонида, соҳиби се имтиёз шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии навбатиро дар чемпионати CAFA-2024 21 август бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Афғонистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:30 оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






