Дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод 103 нафар ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуд
ФАЙЗОБОД, 04.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод 103 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шудаанд, ки қисми зиёди онҳо ятимон мебошанд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Сармураббии истироҳатгоҳи «Дурахшон» Аввалмоҳ Нурмаҳмадшоева иброз намуд, ки дар басти якум 123 нафар кӯдакону наврасон дар сатҳи баланд истироҳати бофароғат намуданд. Ҳоло дар басти дуюм 103 кӯдак ба фароғати тобистона фаро гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо ятимони кулл ва нимятимону аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Дар истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон аз рӯйи барномаи шуъбаи маорифи ноҳия ба машғулияти варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта шуда, бо чор вақт хӯрок таъмин мешаванд.
Истироҳатгоҳи «Дурахшон» дар деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод ҷойгир аст. Он дорои ҳавзи шиноварӣ, хобгоҳҳои кушод, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад, ки кӯдакону наврасон аз он истифода менамоянд. Имсол аз сабаби серборишӣ ва хунук будани ҳудуди истироҳатгоҳ масъулини шуъбаи маориф ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод басти якумро аз 10 июл оғоз намуданд, ки дар ин рӯзҳо ҳавои гарми тобистона барои фароғати истироҳаткунандагон мусоид буд.
Масъулини идораи маорифи ноҳияи Файзобод дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» дар назди муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 1300 нафар кӯдакон лагерҳои солимгардонӣ ташкил намуда, зиёда аз 30 нафар фарзандони омӯзгоронро ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» ҷалб намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






