Дар Британияи Кабир масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе – Лондон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Лондон байни намояндагони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Маликзода бо Менеҷери калони Фурудгоҳи «Heathrow» оид ба шабакаҳои ҳавопаймоӣ Бен Хоскинс зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди алоқаи ҳавоӣ, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақимро дар хатсайри Душанбе – Лондон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 июл зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки барои ифтитоҳи хатсайри мустақим байни Душанбе ва Лондон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, парвозҳоро дар масири Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон –«Сомон Эйр» ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии «British Airways» анҷом диҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки 28 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шуда буд.
Ташкил ва баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишварҳо нақши муассир гузошта, ба афзоиши хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ ва интиқоли бору мусофирон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






