Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди касбии табибони тоҷик, ки ҳамасола 18 август таҷлил мегардад, дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и пойтахт бо иштироки роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳр, собиқадорон ва доираи васеи кормандони соҳа ҷамъомади идона баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни чорабинӣ масъулин кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бо иди касбиашон шодбош гуфта, ба ҳар кадоми онҳо муваффақият таманно намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки дар мамлакат таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар ҷамъомад гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат рушди бесобиқаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин гардида, баҳри ташхису табобати шаҳрвандон шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
«Дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ бунёд ва бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин ва ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар шуд», -илова кард Дилбар Одилзода.
Дар охир ба кормандони фаъоли соҳаи тандурустии пойтахт туҳфаҳои хотиравӣ, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






