Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пардохти тамоми хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 02.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти хизматрасониҳои соҳаро, ки дар низоми Кумита қарор доранд, пурра ба таври ғайринақдӣ ва ҳисобаробаркуниҳои электрониро тавассути низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ бе таҳвили шакли коғазии он амалӣ намудааст. Дар ин хусус 29 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Ҳамзамон маълумот дода шуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо «Феҳристи номгӯйи хизматрасониҳои пулакии корхона ва ташкилоту системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардид.
Ба иттилои раиси кумита Низом Мирзозода, дар асоси нақшаи чорабиниҳо комиссияи корӣ бо фармоиши раиси кумита аз 25 сентябри соли 2023 таъсис дода шуд, ки ҳолати амалишавии пардохти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту коронаҳои системаи кумитаро таҳти назорат қарор додааст.
Ташкилоту корхонаҳои системаи кумита ҳамаи боҷҳои давлатиро барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ пардохт менамоянд.
Дар шашмоҳаи аввали имсол пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатӣ ба маблағи 18 миллиону 580 ҳазору 377 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки 118,7 фоизи ҳамин давраи соли 2023-ро ташкил намуд.
Дар ин давра ҳосилнокии меҳнати як корманд 3960 сомонӣ ва маоши миёнаи як корманд 2048,27 сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда ба 13,9 фоизи ҳамин давраи соли 2023 баробар аст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Бонки миллии Тоҷикистон тағйироти охирин дар Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ баррасӣ гардид
«Somon Air» ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 дастрас менамояд
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд






