Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дастгоҳҳои рентгении дорои зеҳни сунъӣ насб гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» соҳиби дастгоҳҳои рентгении рақамии портативии дорои зеҳни сунъӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Дастгоҳҳо аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар доираи амалисозии «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба вазорат супорида шуданд.
Афзалияти дастгоҳҳои рентгении портативӣ бо зеҳни сунъӣ он аст, ки онҳо камҳаҷми сабук буда, барои муоинаи эҳтиёҷмандоне, ки дар ҷойҳои дур ва душвор зиндагӣ мекунанд, пешниҳод мешаванд. Инчунин ҳангоми гирифтани акс ҷойҳои осебдида дар экрани компютер нишон дода шуда, дар набудани барқ бо аккумулятори офтобӣ фаъолият мекунанд. Бо чунин таҷҳизоти муосир имкон аст, ки шахси гирифтори сил дар марҳилаҳои аввали беморӣ дарёфт карда шавад.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода иброз намуд, ки давоми солҳои охир дастовардҳо дар соҳаи силшиносии мамлакат зиёд шудаанд. Аз ҷумла, солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар муассисаҳои соҳавӣ харидорию васли дастгоҳҳои рентгении рақамии портативии дорои зеҳни сунъӣ амалӣ гардид, ки ин ба сари вақт дарёфт намудани беморони гирифтори сил мусоидат намуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






