Дар ноҳияи Мурғоб дар масоҳати 400 метри мураббаъ гармхона бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар масоҳати 400 метри мураббаъ гармхона бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба ноҳияи Мурғоб сафар намуда, бо корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид. Ҳангоми дидани боғи навтаъсис дар маркази ноҳияи Мурғоб
Баҳодур Шерализода ба нигоҳубини ниҳолҳо, деворҳои атрофи боғ ва иҷрои босифати корҳо таваҷҷуҳ намуд.
Гурӯҳи корӣ бо сохтмони дигар иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла мактаб –интернат, таъмири беморхонаи марказии ноҳия ва мактаб шинос шуд. Ҳамчунин бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ намуд.
Масъулини Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ба роҳбари гурӯҳ иттилоъ доданд, ки дар айни замон дар ноҳия ба миқдори зарурӣ маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ захира гардидааст.
Ҳамчунин гурӯҳи корӣ бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб шинос шуд. Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори пурра фаъолият карда, шаҳрак ва Ҷамоати деҳоти Бердибоевро бо барқ таъмин менамояд. Дар айни замон ҷамъоварии иловагии панелҳои офтобӣ дар назди неругоҳ идома дорад. Дар Ҷамоати деҳоти Аличур панелҳои офтобӣ ҷамъоварӣ гардида, то охири сол ба истифода дода мешаванд. Дар оянда сохтмони чунин манбаъҳои барқӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мурғоб ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Мурғоб барои сари вақт ва босифат бунёд намудани иншооти ҷашнии нақшавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






