Дар ноҳияи Шаҳритус машғулияти илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид

Август 27, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар ноҳияи Шаҳритус таҳти унвони «Кишти такрорӣ – омили фаровонҳосилӣ» машғулияти илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Зимни ифтитоҳи машғулият муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ муҳимтарин ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум маҳсуб мешавад. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи оқилонаву самараноки замин кишоварзон имсол майдони  кишти такрориро дар мамлакат бештар намудаанд.

Ҳамчунин дар доираи машғулияти илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ  иштирокдорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо таҷрибаи кишти такрорӣ ва корҳои агротехникии зироат дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳритус аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷараёни машғулият доир ба технологияи парвариш, истифодаи технологияҳои муосир, агротехникаи парвариш, самаранокии иқтисодӣ, пешгирии касалиҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илм ва татбиқи он дар истеҳсолот мубодилаи афкор доир шуд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ