Дар ноҳияи Зафаробод Боғи Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд

Август 24, 2024 09:52

ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2024 бо ташаббуси сокинон оғоз шуда, баландии сутуни он 18 метр буда, майдон 0,20 гектарро дар бар гирифтааст. Маблағи умумии он 260 000 сомониро ташкил медиҳад.

Зимни ифтитоҳи иншоот роҳбарияти Суғд ташаббуси сокинони ватандӯстро шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, гуфтанд, ки парафшонии Парчами давлатӣ дар деҳа мояи ифтихори ҳар сокини он аст.

Роҳбарияти вилояти Суғд ҳамзамон бо сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Равшан шинос шуданд. Бинои иловагии муассисаи таҳсилӣ барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, бино аз ду ошёна иборат буда, дорои 13 синфхонаи таълимии замонавӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 250 нафар ва толори варзишӣ мебошад. Масоҳати умумӣ 4,1 гектар буда, қитъаи замини зери сохтмон 2500 метри мураббаъ мебошад. Бино аз ҳисоби Идораи сохтмони асосии вилоят бунёд мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2022 оғоз гардида, тибқи нақша соли 2024 ба анҷом расонида мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 24, 2024 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд