Дар ноҳияи Зафаробод коргоҳи истеҳсоли мумфарш ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод коргоҳи истеҳсоли мумфарши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» ба фаъолият оғоз намуд. Тамғаи асфалти истеҳсолшаванда дар ин коргоҳ «БЗ 117» буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар як соат 30 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар роҳи кӯчаи «Байналмилал»-и шаҳраки Зафаробод мумфаршкунии роҳ оғоз гардид. Дарозии роҳи мумфаршшаванда 600 метр ва паҳноиаш 5 метр буда, масоҳаташ 3000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Хароҷоти умумии мумфаршкунии роҳ зиёда аз 260 ҳазор сомонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳраку маҳал ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ идома доранд. Соҳибкорону сокинон саъй доранд, ки бо ин амал дар ободонии маҳал саҳми назаррас гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд






