Дар шаҳри Душанбе Анҷумани ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта доир гардид

Август 26, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 26.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Анҷумани ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории анҷуман, пеш аз ҳама, муаррифии имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат барои ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина механизми фаъолияти маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта» дар берун аз ҷумҳурӣ муаррифӣ карда мешавад.

«Маҳфили ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта» аз 2 марти соли 2014 инҷониб бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дӯстию рафоқат, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамгироии ҷавонон, мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд, таъсис ёфтааст. Ба он зиёда аз 1500 ҷавони фаъоле, ки дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар 25 намояндагӣ дар Федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Нидерландия, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва Узбекистон таҳсил менамоянд, аъзо мебошанд.

Бо дастгирии пайвастаи давлату ҳукумат имрӯз беш аз 40 000 ҷавонони тоҷик дар хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Фаъолияти ин маҳфил ба таҳсили ҷавонон дар хориҷа, фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо, роҳҳои осон намудани дохилшавӣ ба мактабҳои олии берун аз ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон равона шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби маҳфил ҳар сол садҳо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию адабӣ ва оммавию варзишӣ барои  муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ доир карда мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд