Дар шаҳри Истаравшан пули мошингузар ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оид ба таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар болои сойи «Зарринрӯд»-и ноҳия пули мошингузар ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Пули мошингузар бо харҷи беш аз 130 000 сомонӣ бо дастгирии сокинони деҳаи Вогати деҳоти «Сабристон» бунёд гардида, дар он саҳми оилаҳое, ки нияти сафари ҳаҷҷи такрорӣ доштанд, низ назаррас аст. Яъне, сокинон маблағҳои бо нияти ҳаҷ ҷамъоварӣ кардаашонро дар бунёди пул ва мумфаршкунии роҳҳои деҳа харҷ намуданд.
Ҳамзамон мумфаршкунии қариб 1 км роҳи дохилии деҳаи Вогат оғоз шуд, ки ин иқдом низ бо дастгирии сокинон анҷом дода шуда, дар ин самт беш аз 350 000 сомонӣ маблағ сарф мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






