Дар шаҳри Турсунзода собиқадорони соҳаи тандурустӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки дар Рӯзи кормандони соҳаи тиб арзандаи ёдоварист, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида ҳоло дар ҷумҳурӣ табибон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом медиҳанд, ҳол он ки дар гузашта барои анҷоми он сокинони мамлакат ба муассисаҳои тиббии хориҷӣ муроҷиат менамуданд.
Сардухтури беморхона Тоҷиддин Ятимов изҳор дошт, ки таҷлили Рӯзи табибони тоҷик нишони эътибору ифтихори ҷомеа ба онҳо аст, ки баҳри ҳифзи сиҳатии мардум омодаанд ва дар ин ҷода шабонарӯз заҳмат мекашанд. «Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар аст. Ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд»,-баён дошт ӯ.
Таъкид гардид, ки беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Теъдоди умумии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ мутаносибан 21 ҳазору 592 ва 62 ҳазору 445 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 1,98 ва 1,7 % зиёд мебошад.
Дар ҷамъомад ба як зумра табибон ва собиқадорони соҳаи тиб Сипоснома ва ба 2 нафар унвони «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Турсунзода








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






