СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд 91 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Август 25, 2024 10:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шашмоҳаи якуми имсол дар вилояти Суғд 91 корхонаву коргоҳи нав бо 587 ҷойи нави кор дар самти истеҳсоли дару тиреза, тахтасанги мармарӣ, мебел, равғани растанӣ, хӯроки чорво, машрубот, маҳсулоти ширию қаннодӣ ва пойафзол ифтитоҳ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии вилояти Суғд хабар доданд, аз ҷумла дар корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888», ки имсол ба истифода дода шуд, асосан радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда истеҳсол мешаванд.

Дар корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия ворид карда шудаанд, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад.

Ҳоло дар корхона 2 намуд таҷҳизоти гармидиҳӣ, 3 намуд чароғакҳои равшанидиҳанда ва зиёда аз 20 намуд дег барои рӯзгор, ки ҳаҷмаш аз 2 то 300 литрро ташкил медиҳад, бо дизайни хос ва сифати баланд истеҳсол мешаванд.

Корхонаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888», ки дар Тоҷикистон аз аввалин истеҳсолкунандагони радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои ҳаҷму андозаашон гуногун барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда мебошад, дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ташкили ҷойи кори нав иқдоми муҳиму саривақтӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 25, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ