Дар Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Август 16, 2024 09:49

ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 август бахшида ба 30-солагии Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо иштироки кормандон ва собиқадорони соҳа ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, ҳайати шахсӣ, наҷотдиҳандагон ва собиқадорони соҳаро ба муносибати 30-солагии рӯзи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ табрик намуд.

Низоми ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар вилоят Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба зимма дошта, раёсатро дар давраҳои гуногун афсарони кордону пуртаҷриба роҳбарӣ намудаанд. Ҳайати шахсии Раёсат аз ҳисоби афсарон ва хизматчиёни ҳарбии касбӣ пурра гардонида шудааст.

Дар муддати 30 сол сохтори кумита бо мутахассисон ва заминаи техникии қавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои гузаронидани ҳама гуна амалиёти наҷотдиҳӣ имконият фароҳам оварда шуд.

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд давоми фаъолияти 30-сола дар корҳои бартарафсозии оқибатҳои садамаҳо ва офатҳои табиӣ фаъолона ва бо маҳорати баланди касбӣ саҳм гузоштаанд. Кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулода барои омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар доираи шартномаҳои байнидавлатӣ ба хориҷи мамлакат мунтазам равон карда мешаванд.


Барои пешгирӣ аз  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва иҷрои фармону қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода якчанд техника харида шуд. Ин ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода имкон медиҳад, ки дар самти пешгирӣ, коҳиш ва рафъи ҳолатҳои фавқулода босамар фаъолият намояд.

Ҳайати шахсии кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо ҳисси баланди масъулият ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор дошта, дар лаҳзаҳои мушкилтарин ба кумаку  наҷоти мардум мешитобанд ва мардум низ ба онҳо эътимоди комил доранд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1994 инҷониб дар мамлакат 17 август Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ муқаррар шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 16, 2024 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд