ДАР ТОҶИКИСТОН БА 2500 НАФАР НАМОЗГУЗОР 1 МАСҶИД РОСТ МЕОЯД. Бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чанд муддат инҷониб дар воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон ва маҳдуд намудани озодии эътиқод ва пайравӣ ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Чунин андешаҳо дар заминаи маълумоти нодуруст ба вуҷуд омадаанд. Вобаста ба масъалаи бамиёномада ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуне, ки қонеъ намудани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандонро маҳдуд месохта бошад, қабул нагардидааст. Ба шахсони ҳангомаҷӯй бояд посух дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 4000 масҷиди марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта озодона фаъолият намуда, ба 2500 нафар намозгузорон 1 масҷид рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад. Ин матлабро Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар брифинги Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд, баён намуд.
Абдураҳим Холиқзода ҳамчунин гуфт, ки аз таҳлили фазои иттилоотӣ бармеояд, ки баъзе расонаҳои хабарӣ аз асли масъала маълумоти кофӣ надошта, гузоришҳои худро дар заминаи хабарҳои беасос ва муғризона интишор менамоянд. Аз ҷумла, маводи гуногун доир ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳиҷоби шаръӣ, номҳои арабӣ, либоси суннатии исломӣ, риш, рафтани занон ва кӯдакони то 18-сола ба масҷид, рафтани шаҳрвандони то 40-сола ба ҳаҷ, таҳсил дар мадориси исломӣ, воридоту содироти китобҳои исломӣ бе иҷозаи расмӣ ва ғайра дар расонаҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуданд.
Дар ин замина шахсоне, ки дар садри раёсати ташкилоти байналмилалии исломӣ истодаанд, ба чунин хабарҳои бардурӯғ бовар намуда, таҳти ҳаяҷон ҳамчун мусулмон ва роҳбарони ташкилоти бонуфузи исломӣ вокуниш нишон медиҳанд ва ҳамин тариқ гӯё рисолати динии худро ба анҷом мерасонанд.
Директори Маркази исломшиносӣ вобаста ба масъалаи ба истилоҳ «манъи сатру ҳиҷоб» гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз асли масъала огоҳ карда шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи «манъи сатру ҳиҷоб» вуҷуд надошта, балки баръакс, дар сатҳи давлатӣ, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ баррасӣ гардидааст, ки чунин иқдом дар ҷаҳони ислом аввалин буда, қобили таҳсин аст.
Бояд гуфт, ки мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо давоми садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, урфу одати маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифтаанд. Агар мо ба либоси мардум эътибор диҳем, шоҳиди он мешавем, ки занону духтарон ва модарон дар мамлакат либоси миллӣ мепӯшанд. Чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рӯймол ё дока. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт.
Либоси миллӣ рукни фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо моҳияти арзиши миллии худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.
Айни ҳол аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тарҳи либоси миллӣ барои занону духтарон омада шуда истодааст, ки он ба талаботи дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар ин хусус фатвои Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон «Дар бораи либоси миллӣ» содир карда шуд, ки дар он пӯшидани либосҳои миллӣ, ки ба талаботи дини ислом ҷавобгӯ бошанд, ҷонибдорӣ гардида, тавсия дода шудааст, ки занону духтарон аз пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона худдорӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Дар Душанбе оид ба тамоюлҳои рушди маориф дар давлатҳои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолони ҳизб машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Дар доираи лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ба Агентии обуҳавошиносӣ таҷҳизоти муосир дастрас карда шуд
Ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор шуд
Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?






