Дастаи мунтахаби бадминтони Бадахшон соҳиби Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон шуд
ХОРУҒ, 11.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ давоми ду рӯз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бадминтон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон байни варзишгарони навраси вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Дар мусобиқа беш аз 60 варзишгар иштирок намуд, ки аз нисф бештарашонро духтарон ташкил медоданд. Варзишгарон аз рӯи чанд намуд, аз ҷумла рақобатҳои инфиродию ҷуфтӣ байни духтарону писарон, рақобатҳои омехта ва даставӣ бо ҳам сабқат намуданд.
Президенти Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабирҷон Ҷуразода гуфт, ки «дар Тоҷикистон ин намуди варзиш ҳамагӣ 10 сол пеш таъсис дода шуд ва дар айни замон дар ҳоли рушду инкишоф мебошад. Дар ин давра дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мутобиқ ба синну сол гурӯҳҳо ташкил ёфта, барои тамрин ва мусобиқаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани малакаву маҳорати мураббиёну доварон ҳамасола бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба дар шаҳри Душанбе даврҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ҳузур пайдо карда, бо ҷоизаҳо ба Ватан баргарданд».
Дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рақобатҳои инфродӣ, ҷуфтӣ ва омехта маҳорату малакаи баланд нишон дода, ба гирифтани Ҷоми Федератсияи бадминтони Тоҷикистон сазовар гардид. Дастаҳои мунтахаби Душанбе ва вилояти Суғд ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд






