Фаъолияти инноватсионию технологӣ аз кадом намуди андозҳо озод мебошад? Шарҳи АМИТ «Ховар»

Август 12, 2024 17:24

ДУШАНБЕ, 12.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода қаблан дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» изҳор карда буд, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо мақсади устувор намудани асосҳои сохтории иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтор, васеъ кардани раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ», танзими раванди пурраи ҷорӣ гардидани пардохти ғайринақдӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчунин бо мақсади боз ҳам мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, илмию техникӣ ва рушди инноватсия дар мамлакат таҷрибаи кишварҳои минтақа ва дигар давлатҳо дар самти инноватсия мавриди омӯзиш қарор дошта, барои фароҳамсозии шароити мусоиди рушди соҳа ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ тақвият дода мешавад.

Дар мақолаи навбатӣ оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки фаъолияти Агентиро танзим мекунанд, инчунин дар бораи тартиби фаъолияти Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва номгӯйи фаъолияти инноватсионию технологӣ маълумот пешниҳод мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, бо иқдому роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бомароми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин мегардад.

Дар ин раванд баробар ба тамоюлҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои рушд додани соҳаҳои нави ба инноватсия нигаронида заминаи мусоид фароҳам мегардад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ», Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки дар асоси таҷрибаи пешқадам ва дурнамои муҳими рушди соҳа қабул шудаанд, танзимкунандаи рушди соҳа ба шумор мераванд. Зеро ҳар санади меъёрии ҳуқуқии гуфташуда барои ташаккул, пешбурд, муайян намудани имконияти иқтидори мавҷудаву ояндаи ҷорӣ гардидани инноватсия заминаи устувор фароҳам меоварад.

Бо мақсади идома додани тадбирҳои ислоҳоти соҳавӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» аз 31 июли соли 2024 қабул карда шудааст.

Тибқи қарор, Низомномаи Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин баҳри таъмини раванди кори минбаъдаи он Номгӯйи фаъолияти инноватсионию технологӣ (22 номгӯй) тасдиқ карда мешавад.

Номгӯйи фаъолияти инноватсионию технологӣ дар асоси талаботи моддаи 396 Кодекси андоз ҳамчун асос барои рушди соҳаҳои инноватсионӣ ва рақамӣ таҳия гардидааст.

Зимни таҳияи ин номгӯй таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, ки солҳои охир муваффақияти калон дар самти рақамикунониро ба даст овардаанд, ба эътибор гирифта шудааст.

Тибқи Кодекси андоз, фаъолияти инноватсионию технологӣ ба ғайр аз андоз аз даромади шахсони воқеӣ (12 фоиз) ва андози иҷтимоӣ (20 фоиз) аз тамоми дигар намуди андозҳо озод мебошад.

Воридоти таҷҳизоти инноватсионию технологӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ, ки бевосита барои эҳтиёҷоти худӣ истифода карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Барои фаъолият дар Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба маъмурияти он (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ки дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис меёбад) муроҷиат намоянд.

Дар асоси баррасии нақшаи тиҷоратӣ (бизнес-план)-и онҳо қарор вобаста ба додани мақоми резидентӣ қабул мешавад.

Дар Парк инчунин шароит барои ҷорӣ намудани технологияи феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн), ба истиснои истихроҷ (майнинг)-и дороиҳои рақамӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар ҳудуди Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ провайдерҳои хизматрасониҳо дар соҳаи муомилоти дороиҳои рақамӣ ҳамчун резидент — шахси ҳуқуқӣ дар шакли ташкилоти тиҷоратӣ таъсис дода мешаванд.

Дороиҳои рақамӣ ифодаи рақамии молу мулке, ки муомилоти онҳо дар технологияи низоми иттилоотии муайянгаштаи ғайримарказии тақсимшуда ва ё дар технологияҳои ҳаммонанд тибқи қоидаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ амалӣ карда мешаванд, мебошад.

Дар маҷмуъ фаъолияти Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT Парк) барои татбиқи ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани инноватсия ва рақамикунонии босуръати иқтисодӣ заминаи мусоид мегузорад.

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии комил иттилоъ дода шуд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи инноватсия, батанзимдарории муносибат ва робитаи мутақобилаи мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорон таъмин карда мешавад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 12, 2024 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар самти муқовимат ба коррупсия машғулияти муштараки Тоҷикистон ва Беларус гузаронида шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ баррасӣ шуд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол беш аз 36 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Кишоварзони вилояти Хатлон имсол беш аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва иқтисодии SPECA баргузор мешавад
Дар шаҳри Левакант дар шароити хона занбурӯғ парвариш карда мешавад
Дар Душанбе бо ҳайати сармоягузорони Амрико ва Британияи Кабир мулоқот доир шуд
Созишнома оид ба тартиби ҳамкорӣ дар минтақаи хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Тошканд ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон бо доираҳои иқтисодию тиҷоратии Олмон мулоқот намуд
Ҳамкории соҳибкорони шаҳри Кӯлоб бо сармоягузорони Федератсияи Русия тақвият меёбад
Намояндагони Хуросони Разавӣ барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон даъват шуданд