ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Имрӯз ба 120 зан — ғолиби лоиҳаҳо диплом супорида шуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 август дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 120 зан-ғолиби гранти президентӣ диплом супорида шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аз ташаббус ва иқдоми пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занон ва фаъолияти ҳунармандию соҳибкории онҳо ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2011 то соли 2013 аз буҷети давлат барои 40 лоиҳаи мақсаднок 1 миллион сомонӣ ҷудо мегардид. Аз соли 2013 то соли 2021 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд.
Инчунин аз соли 2016 то соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ ба 560 нафар занони мамлакат дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ ва аз соли 2020 то соли 2023 ба 320 нафар занон дар ҳаҷми 9 миллион сомонӣ маблағҳои бебозгашт бо мақсади таъмин намудани занон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ, аз соли 2016 то соли 2023 зиёда аз 4 ҳазору 619 нафар занон бо шуғлу касбомӯзӣ ва ҷойи нави кор таъмин гардиданд.
Барои дастгирии минбаъдаи соҳибкории занон соли 2022 маблағҳои грантӣ аз 2 миллион сомонӣ ба 2,5 миллион ва соли 2024 бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағҳои гарнтӣ аз 2,5 миллион сомонӣ ба 5 миллион сомонӣ ва теъдоди лоиҳаҳо аз 80 ба 120 адад расонида шуд.
Таъкид гардид, ки ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон ва давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим ва таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занони хонанишин мусоидат менамояд.
«Таҳлилҳои солҳои гузашта нишон дод, ки бархе занон грантҳои президентиро дастрас намуда, мутаассифона, ба таври мақсаднок истифода набурдаанд. Онҳо онро барои хароҷоти оила сарф намудаанд, ки ин масъалаи нигаронкунанда аст»,-афзуд Бунафша Файзиддинзода.
Раиси Кумита гирандагони гранти президентиро даъват намуд, ки ин маблағҳоро мақсаднок истифода бурда, дар рушди соҳибкории мамлакат саҳм гузоранд.
Аз ҷониби кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки мақсаднок истифода бурдани грантҳои президентиро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Сокини ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Озода Хидорова яке аз гирандагони гранти президентӣ дар соли 2024 мебошад, ки лоиҳаи худро дар самти парандапарварӣ пешниҳод намудааст. Ӯ мақсад дорад, ки барои рушди саноати мамлакат корхонаи хурди парандапарварӣ таъсис диҳад.
«Зиёда аз 5 сол мешавад, ки мо ба таври оилавӣ ба парандапаварӣ машғул ҳастем, ҳарчанд теъдоди гӯшт ва тухми мурғи истеҳсолнамудаи мо кам ҳам бошад, онро ба бозори ноҳия ба фурӯш мебарорем. Бо гирифтани маблағи гранти президентӣ тасмим гирифтаем, ки фаъолиятро васеътар ба роҳ монда, оила ва бозори ноҳияро бо гӯшт ва тухми мурғ таъмин намоем»,-мегӯяд Озода Хидирова.
Лоиҳаҳои пешниҳодгардида ба самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, доирасозӣ, кашфдӯзӣ, парвариши чорво, парандапаварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.
Ҳунарманд аз ноҳияи Восеъ Тозагул Ватанова зиёда аз 25 сол мешавад, ки ба ҳунармандӣ машғул аст. Ба гуфтаи ӯ, онҳо оилавӣ ба дӯхтани лавозимоти гаҳвора (кӯрпача, болишт, рӯйпӯш ва дастбандҳои гаҳвора), ки ҳамаи онҳо ба тарзи гӯлдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ омода мегарданд, машғул мебошанд.
«Соли 2016 бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти президентӣ гардида, аз он сол то инҷониб фаъолияти ҳунармандиямро пеш мебарам. Имсол низ лоиҳаи пешниҳоднамудаи ман аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ёфт. Ман ваъда медиҳам, ки бо ҳунари дасти худ дар рушди саноати мамлакат саҳм мегузорам»,-гуфт Тозагул Ватанова
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2010 номгӯи 160 намуд фаъолияти хонагӣ аз андоз пурра озод гардид. Ин иқдом ба пешбурди фаъолияти васеи соҳибкории занони мамлакат дар самтҳои мухталифи иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод ва мусоид мегузорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






