Имрӯз филмбардор ва аккоси маъруф Заур Дахте аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз филмбардор, аккоси маъруф, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Заур Дахте аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Заур Дахте яке аз наворбардоронии маъруф, суратгири мусаввир, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ ва Лауреати кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон таваллуд шудааст.
Ҳунари Заур Дахтеро баъди филми кӯтоҳметражи ҳунарии «Лоле» эътироф карданд ва ӯ филми пурраметражи «Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна»-ро (1968) ба навор гирифт. Сипас силсилафилмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (ду серия, коргардон М.Қосимова), «Паланг зарур аст» (коргардон Б.Арабов), «Шераки ҷасур» (коргардон М.Маҳмудов) ва дигар филмҳо рӯи навор омаданд.
Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм иштирок кардааст. Филмҳои олии Заур Дахте оид ба сарнавишту саргузашти шоирони бузурги форсу тоҷик: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии кинои миллӣ ворид шудаанд.
Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, соли 2011 сазовори унвони ифтихории академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






