ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Муҳандиси чинӣ Ҷан Тонг И: «Меъморони тоҷик мутахассисони хубу кордон ҳастанд»

Август 11, 2024 08:52

ДУШАНБЕ, 11.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон, ки тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи дуюми моҳи август муқаррар шудааст, маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода гуфт, ки ифтихори мардуми бунёдкору меҳнатдӯст, соҳибтамаддуну фарҳангофарини тоҷик, хусусан сохтмончиёни мамлакат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои барҷастаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил мегардад. «Сохтмончиёнро ободгари шароити зиндагии халқ меноманд. Дар ҳақиқат ягон соҳаи ҳаёти халқ ва иқтисодиёт бе сохтмон тараққӣ намекунад. Бинобар ин, сохтмон соҳаи бисёр муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокорӣ талаб мекунад»,-изҳор намуд раиси кумита.

Бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ солҳои соҳибистиқлолӣ иншооти зиёди наву замонавӣ бунёд ёфтанд. Рушди босуръати соҳаи сохтмони мамлакат ба зиёдшавии миқдори корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи нави бинокорӣ ва истифодаи технологияҳои муосири соҳа дар иншооти миқёсан гуногун замина гузошт.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди мамлакат ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад». Воқеан ҳам маҳз заҳмати лоиҳакашону сохтмончиён буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ торафт ободу зебо гардида, мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба иттилои раиси кумита, дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар мамлакат хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 81,5 фоиз зиёд аст.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи меъмориро таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маҳал медонад. Бино ба иттилои ӯ, дар айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин буда, дар ин раванд тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Левакант ва ноҳияи Вахш, ки муҳлати амалашон гузаштааст, аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» пурра ба анҷом расида, пас аз баррасӣ дар Шурои шаҳрсозӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ҳоло дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор қарор доранд.

Бояд изҳор намуд, ки нуфузу обрӯи сохтмончиёни мамлакат ва касби сохтмончӣ сол ба сол баланд мегардад, зеро аксари офаридаҳои беҳтарину мондагор аз ҷониби соҳибони ҳамин касб ба вуҷуд омадаанд. Шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ — мактабу донишгоҳҳо, беморхонаву истироҳатгоҳҳо, қасрҳои бошукуҳи фарҳанг ва варзишгоҳҳо, хонаҳои истиқоматии замонавӣ ва кохҳои дилрабо, меҳмонхонаву китобхонаҳо ва садҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ бо дастони пурэъҷози бинокорон бунёд шудаанд.

Имрӯз дар сар то сари мамлакат бунёди иншооти нави аз ҳар лиҳоз замонавӣ бомаром идома дорад. Бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ дар як соли охир бунёди садҳо биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, таъмиру навсозии роҳҳои автомобилгард ба анҷом расид, ки ин ҳама саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии мамлакат ва ободии Ватанамон мебошад.

БИНОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Тарҳе, ки назираш кам аст

Моҳи июли имсол рӯйдоди муҳиме, ки дар мамлакат ба вуқуъ пайваст, ин ба истифода додани бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти ҷумҳурӣ мебошад, ки ҳашамати онҳо ҳар бинандаро мафтун месозад.

Лоиҳаи бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ташкилоти пешбари лоиҳакашии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шаҳрсозӣ ва ҳудудсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия шудааст. Бино бо миқёс, нозукиҳои мукаммал, ки меъмории миллии муосири тоҷикро бо услуби махсус ва ҳашамат ба ҳам мепайванданд, касро ба ҳайрат меорад. Тарҳи асосии лоиҳаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод намудаанд.

Дар сохтмони бино мармар, чӯбу тахта, масолеҳи бинокории аз ҷиҳати экологӣ хушсифат истифода бурда шудааст. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни ин бино ду дарахти шоҳбулут ҳифз карда шуд, ки имрӯз ба тарҳи нави умумӣ мувофиқат мекунанд. Ранги берунаи биноро низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуданд.

Утоқҳои барҳаво, толорҳои муҷаҳҳази замонавӣ барои вохӯриҳо, ки калонтаринашон барои 1000 нафар пешбинӣ шудаанд, бо ҳашамат ва технологияи муосир касро ба ҳайрат меоранд. Давоми тамоми кори сохтмони бино беш аз 1500 нафар коргар- ҳам аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва ҳам аз Чин ҷалб карда шуданд.

Тавре муҳандиси генералӣ оид ба лоиҳакашӣ Ҷан Тонг И зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бино бо назардошти тамоми қоидаҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба заминҷунбии то 9-балла тоб оварда метавонад.

«Барои таъмини бехатарӣ мутахассисон озмоиши муқовимат ба сейсмикӣ гузарониданд. Бино ба мардуми тоҷик беш аз 100 сол хизмат хоҳад кард»,-иброз дошт Ҷанг Тонг И.

Ба гуфтаи ӯ, дар сохтмони иншоот заҳмату масъулияти мутахассисону коргарони тоҷик шоистаи таҳсин аст. «Шояд дар оянда мо ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтани иншоот дар мамлакатҳои дигар ҳамкорӣ карда тавонем. Дар айни замон ширкати мо дар беш аз 100 мамлакати дунё лоиҳакаширо анҷом медиҳад, мутахассисони хуб ҳатман зарур мешаванд. Мехоҳам, ки меъморону бинокорони тоҷик ба Чин оянд ва бо дастовардҳои мо дар соҳаи сохтмон шинос шаванд», — гуфт ӯ.

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихие гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёр, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошанд.

Ҳоло сохтмончӣ дар бозори ҷаҳонии меҳнат яке аз ихтисосҳои серхаридортарин ба шумор меравад. Зеро касби ӯ наҷибу пуршараф буда, аз инсонҳо на танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокорӣ ва масъулияти баланд талаб менамояд.

Соҳаи сохтмон ба монанди ҳамаи самтҳои ҳаёт дар ҳоли рушд қарор дорад. Имрӯз Тоҷикистон ба майдони сохтмон табдил ёфтааст, зеро мардуми он дар фазои сулҳу оромии Ватан баҳри ободиву созандагӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти таъйиноти гуногуни маъмурию фарҳангӣ ва маишию варзишӣ сохта мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 11, 2024 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар