5 НАМУД ҶОИЗА ДАР СОҲАИ МАОРИФ. Дар Хатлон омӯзгорон, директорони мактаб ва хонандагони фаъол қадрдонӣ гардиданд

Август 28, 2024 09:21

ДУШАНБЕ, 28.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 нафар кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, собиқадорон, падару модарон ва хонандагон бо мукофоти пулии Раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдуллозода хабар дод.

Ба иттилои сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ 5 намуд ҷоиза дар соҳаи маориф тақдим карда шуд.

«Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон» бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ ба 10 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, ҷоизаи «Омӯзгори ифтихории Хатлон» бо маблағи 3 ҳазор сомонӣ ба 10 нафар ва ҷоизаи «Соҳибватан» бо маблағи 2 ҳазор сомонӣ ба 10 нафар хонандагони аълохон супорида шуд.

Инчунин 17 директори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки хонандагони онҳо дар олимпиадаҳо фаъолона иштирок мекунанд ва соҳиби аттестати аълои унверсалиии тилло ва нуқра гардидаанд, бо маблағи 3 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамзамон ба 26 хонандаи дорои аттестати аъло 10 ҳазор сомонӣ ва ба 31 омӯзгори ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шаҳодатномаҳои замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор сабаби бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки аҳли ҷомеаро таълиму тарбия менамояд.

Дарвоқеъ, имрӯзҳо омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандагону донишҷӯёни босавод тарбия намоянд. Зеро дар ҳолати дар озмунҳо иштирок намудан ва сазовори ҷойи аввал гардидани довталабон устодон низ бо мукофот ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Дар доираи тадбирҳои андешида умед аст, ки минбаъд ҷавонони донишманд дар соҳаҳои мухталиф фаъолият менамоянд. Месазад, ки чунин ташаббусро идораҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низ дастгирӣ намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 28, 2024 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид