Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар Ҷопон такмили ихтисос намуданд

Август 6, 2024 08:38

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи «Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)» муҳандисони Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» дар Ҷопон аз даври омӯзишӣ гузашта, такмили ихтисос намуданд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд, ки иштироккунандагони давраи омӯзишӣ бо фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии «Наҳа» шинос шуда, бо ҳайати роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳа мулоқот намуданд. Фурудгоҳи «Наҳа» дар як шабонарӯз ба 400 ҳавопаймо хизмат мерасонад.

Инчунин иштирокдорони давраи омӯзишӣ дар ҷазираи Фукуока бо фаъолияти марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, фурудгоҳи он ва истифодаи низом ва таҷҳизоти таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз наздик шинос шуданд.

Ҳангоми мулоқот бо директори генералӣ ва мутахассисони соҳа дар ин фурудгоҳ иброз гардид, ки он дар як шабонарӯз ба 500-550 ҳавопаймо хизмат мерасонад, ки ин дар ҳар 2 дақиқа як ҳавопаймо мебошад.

Барномаи такмили ихтисос дар маркази байналмилалии Ҷопон анҷом ёфта, шунавандагони он аз Тоҷикистон, Мозамбик, Непал ва Ҷибути соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Август 6, 2024 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд