НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон бояд ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ нигаронида шавад
ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зарур аст, ки бо истифодаи комёбиҳои илмию инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, қувваи корӣ, зарфияти истеҳсолии соҳаи саноати мамлакат ва бо истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ, инчунин дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои минбаъда низ бо назардошти консепсияҳои сиёсати экологӣ ва истифодаи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида бояд суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад таъмин карда шавад. Чунин нигоштааст сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Бобоев дар мақолааш, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, стратегияи ислоҳоти куллии иқтисодиро бо мақсади таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии мардум тавассути таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолию хизматрасонӣ, навсозӣ ва босамар намудани фаъолияти соҳаи саноат пеш гирифт. Дар ҳамин замина зарур шуморида мешуд, ки ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нави замонавӣ ҳамчун омилҳои муҳимми рушди иқтисодиёти мамлакат метавонанд ба самаранокии фаъолияти соҳаҳои воқеӣ заминаи устувор гузоранд. Имрӯзҳо пешрафти ҷомеаи ҷаҳониро бе истифодаи техника, технологияи муосир, дастгоҳу таҷҳизот ва истифодаи самараноки комёбиҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоту хизматрасонӣ ва низоми молияи мамлакат тасаввур намудан душвор гардидааст.
Дар аксар давлатҳои пешрафтаи Аврупо имтиёзҳои андозӣ ва маблағгузориҳои давлатӣ нисбат ба он корхонаҳое амалӣ карда мешаванд, ки ба истеҳсол ё хизматрасонӣ нигаронида шудаанд ва дар таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи нави кор фаъол мебошанд. Ин гуна иқдом дар шароити иқтисодиёти Тоҷикистон низ давра ба давра бо назардошти ҳадафҳои стратегии миллӣ амалӣ мегарданд. Барои мисол, дар шашмоҳаи якуми соли 2024 вобаста ба нақшаи пешбинигардида ва иҷрои воқеии даромадҳои буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иқтисодии мамлакат зиёда аз 20,0 миллиард сомонӣ равона гардидааст, аз ҷумла, ба комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3,6 миллиард сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия- 1,2 миллиард сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ- 1,1 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ- 387,5 миллион сомонӣ, сохтмон ва саноат- 97,2 миллион сомонӣ.
Бояд гуфт, ки бо назардошти омилҳои дар боло нишон додашуда, коршиносони ташкилоти молиявии байналмилалӣ низ тавсия медиҳанд, ки кишварҳои рӯ ба тараққиро зарур аст, ки тавассути сармоягузории судманд ба бахши хусусӣ рушди минбаъдаи иқтисодию молиявии худро таъмин намоянд.
Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахшҳои молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба раванди сармоягузориро пайваста такмил медиҳад. Дар баробари ин, танҳо дар нимсолаи якуми имсол аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 созишнома барои татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба имзо расонида шудааст, ки маблағи умумии онҳо 459,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ равона карда мешаванд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳият ва ваколатҳо мунтазам барои таъмини суботи молиявӣ, идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва дар маҷмуъ, рушди иқтисоди миллӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Ин раванд, яъне идоракунии дурусти молияи давлатӣ, назорати гардиши пул ва самаранокии сиёсати монетарию фискалӣ ба рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид мегузорад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ – 9880,7 миллион сомонӣ ё ин ки 16 дарсад, соҳаи саноат – 11103,2 миллион сомонӣ ё ин ки 18 дарсад, тиҷорат – 11601,2 миллион сомонӣ ё 18,8 дарсад, соҳаи сохтмон – 5267,6 миллион сомонӣ ё 8,5 дарсад, соҳаи нақлиёт – 4815,2 миллион сомонӣ ё 7,8 дарсадро ташкил намудааст, ки аз татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сиёсати молияи давлатӣ вобаста мебошад.
Фаъолияти илмию инноватсионӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ метавонад дар доираи моликияти давлатию хусусӣ, бахшҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ амалӣ карда шавад. Сиёсати инноватсионӣ низоми чорабиниҳое мебошад, ки мақсади асосии он такмили дастовардҳои илмию техникӣ дар соҳаи саноат, истеҳсолот, кору хизматрасонӣ бо мақсади васеъ гардонидани доираи фаъолияти муайяншуда ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки раванди истеҳсолот тақсимоти иқтисодию иҷтимоиро ифода менамояд ва барои истеҳсоли шаклҳои гуногуни молҳо ин нишондиҳандаҳоро мавриди омўзишу баҳодиҳӣ қарор медиҳад. Раванди такрористеҳсолоти ҷамъиятӣ ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоиро дар худ таҷассум менамояд ва вобаста ба давраҳои таърихӣ шаклҳои гуногун мегирад.
Соҳаи саноат аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ, тавлидкунандаи молу маҳсулот ва татбиқкунандаи ҳадафҳои рушди устувор дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъсири омилҳои бошиддати геополитикӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим мавқеи назаррасро дар танзиму нигоҳдории нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодии давлат ишғол менамояд. Бинобар ин, роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» пешбинигардида равона карда, дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти иқтисоди миллӣ, андешидани тадбирҳои судманд дар соҳаҳои саноату энергетика, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олӣ эълон намудааст.
Аз рӯйи маълумоти расмии оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61712,5 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,2 дарсад баробар гардид, ки дар ин давра рушди иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5 дарсад, мусофиркашонӣ 18,1 дарсад, кишоварзӣ 9,6 дарсад, сохтмон 15,7 дарсад, гардиши савдо 11,9 дарсад ва хизматрасонии пулакӣ дар маҷмуъ 16,6 дарсадро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шашмоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 4,4 миллиард доллари ИМА баробар гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 1 миллиард доллар ё 29,3 дарсад зиёд мебошад.
Дар ин давра содироти мол 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 344,0 миллион доллар бештар мебошад. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,4 дарсад ва содирот 22,6 дарсадро ташкил медиҳад. Имсол аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 167,0 миллион доллар маъданҳо ва консентратҳо, 95,6 миллион доллар нахи пахта, 90,5 миллион доллар алюминийи коркарднашуда, 23,6 миллион доллар меваю сабзавот, 21,9 миллион доллар ресмони пахтагӣ, 12,1 миллион доллар семент ва 2,4 миллион доллар пӯст содирот гардидааст.
Воридоти мол ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 3421,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023 ба маблағи 709,0 миллион доллар зиёд мебошад. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,4 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин давра воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба миқдори 22 029 адад, равғани растанӣ 3 069 тонна ва гази моеъ ба миқдори 12 282 тонна коҳиш ёфта, маҳсулоти нафтӣ беш аз 73 ҳазор тонна, гандум зиёда аз 42 ҳазор тонна, орд 17305 тонна, нуриҳои минералӣ 53 975 тонна ва шакар 33042 тонна зиёд гардидааст. Аз рӯйи ин маълумот, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард ва истеъмол, маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти технологӣ, металлҳои сиёҳ, гази моеъ, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот ворид карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо, ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 9576,8 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15,7 дарсад бештар мебошад.
Воридоти таҷҳизоти технологӣ яке аз воситаҳои муҳимми ташкили истеҳсолот, хизматрасонӣ ва омили ба ҷойи нави кор таъмин намудани аҳолии қобили корӣ ба ҳисоб меравад. Воридоти таҷҳизоти технологӣ бо назардошти ҳамин хусусиятҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод карда шуданд. Дар навбати худ, имтиёзҳои андозӣ яке аз воситаҳои муҳимми васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб мераванд. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироту иловаҳо бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии молҳои ниёзи мардум, инчунин молҳои воридотивазкунанда мебошад.
Бояд гуфт, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагию ҳамкории судманд бо ташкилоти молиявию қарзии байналмилалӣ бояд ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию саноат ва энергетика, таҷҳизонидани соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ бо технологияҳои муосир, беҳтар намудани самти фаъолияту хизматрасонӣ дар бахшҳои молиявӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ ва такмили ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ нигаронида шавад.
АКС аз манбаъҳои боз