НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 580 ҳазор сайёҳони хориҷӣ бо мавзеъҳои Тоҷикистон шинос шуданд

Август 5, 2024 17:02

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 беш аз 580 ҳазор сайёҳон ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон омаданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   беш аз 93 ҳазор зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз намуд, имсол ба Тоҷикистон аз 129 давлати ҷаҳон сайёҳон омадаанд.  Тибқи маълумоти оморӣ, ба қатори панҷгонаи беҳтарини ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон давлатҳои Узбекистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дохил гардиданд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ сайёҳони хориҷӣ бештар ба сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумита 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Аз он 101  ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, 46 ширкат дар вилояти Суғд, 41 ширкати сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  17 ширкат дар вилояти Хатлон  ва 9 ширкати сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият пеш мебарад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2024 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст