НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар судҳои иқтисодии Тоҷикистон беш аз 1600 парванда баррасӣ гардид

Август 1, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ дар шашмоҳаи аввали имсол дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1609 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Рустам Мирзозода изҳор намуд, ки ҳалномаи 863 парванда бароварда, истеҳсолот доир ба 80 парванда қать карда шуда, 85 ариза бебаррасӣ мононда шуд. Қабули 10 ариза рад карда шуда, 2 парванда аз рӯи тобеият ва 240 арзу дархост бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шуданд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 158, дар суди марҳилаи назоратӣ 163 ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 8 парванда баррасӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ вайронкунии муҳлат бо 1 парванда ба амал омада, 13 санади судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ, 4 адад дар марҳилаи назоратӣ ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 3 адад санади судӣ бекор карда шуданд.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар ин давра 372 нафар ба судҳои иқтисодӣ ба таври шифоҳӣ ва 162 муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ дар шакли хаттӣ ворид гардид. Аз ин шумора 156 адад ҳал гардида, 6 адад барои баррасӣ ба шашмоҳаи дуюми соли 2024 гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳм мегузоранд. Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ бо аҳолӣ 1 034 суҳбату мулоқот доир шуда, дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма 286 мақола чоп шудааст.

Ҳамчунин барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 2 мурофиаи таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони марказию маҳаллӣ дар барномаи «Мурофиа» ба намоиш гузошта шуда, дар барномаи маърифати «Ҳуқуқи шумо», ки ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе манзури бинандагон мегардад, 14 маротиба баромад карда шудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Август 1, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад