НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Олимони тоҷик соҳиби 7 патент ва 3 нахустпатенти ҷумҳурӣ гардиданд

Август 1, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт.

Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян – моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, дарак медиҳанд. Навъҳои нави хӯлаҳои алюминӣ бо мувофиқати нодири мушаххаси механикӣ ва физикӣ-химиявӣ ба вуҷуд оварда шуданд, ки бо устувории баланд нисбат ба зангзанӣ ва таъсироти механикӣ фарқ мекунанд. Тавсияҳо доир ба коркарди комплексии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ омода шуданд.

Олимони соҳаи геология таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистонро идома дода, диқатти махсусро ба кашфи маъданҳои нав равона намуданд.

Олимон ва мутахассисони Маркази омӯзиши пиряҳҳо ҳолати баъзе пиряхҳои Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ ва мониторинг қарор дода, аз ҷумла ба пиряхҳои дараи Варзоб экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуданд.

Иброз гардид, ки дар соҳаи илмҳои биологӣ таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон гузаронида шуд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироати кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани системаи муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияҳои пешрафта густариш дода шуд. Омӯзиш ва таҳқиқи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва аз онҳо тайёр намудани доруворӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.

«Дар ин давра аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо 900 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 26 монография, қариб 100 китоб, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог, беш аз 765 мақолаи илмӣ, аз онҳо 472 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 160 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ҷумла, 10 мақола дар SCOPUS) ба нашр расонида шуд. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмӣ беш аз 800 мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид»,-афзуд президенти Академияи миллии илмҳо.

Иттилоъ дода шуд, ки барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 15 коркарди илмӣ ва пешниҳоди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон манзур карда шуд.

Дар ин давра аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳо 7 патент ва 3 нахустпатенти ҷумҳурӣ барои ихтироъ ва 3 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ба даст оварда шуд.

Дар ин давра як озмоишгоҳи замонавӣ дар Институти физика ба номи Султон Умаров ва як озмоишгоҳи дигар дар Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Рӯзҳои наздик дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода мешавад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

 

Август 1, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд