ОБОДОНӢ — БЕҲТАРИН КОРУ АМАЛИ САВОБ. Андешаҳои Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ин хусус

Август 13, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад ва агар маблағи ҳаҷи такрорӣ бо мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд. Дар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро бояд интихоб кард, ки савобаш бардавом аст. Пуле, мактабе, роҳе, масҷиде ё ҳар ҷое, ки мардуми омма аз он истифода мебаранд, савобаш зиёдтар ва манфиатовартар мебошад”- чунин изҳор намуд Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҳамоиши матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе вобаста ба муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Раиси Шурои уламо изҳор намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи мамлакат ҷойгоҳи динро дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле одилона нишон додаанд: «Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад. Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Бояд гуфт, ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст».

“Дар мулоқоте, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабу омилҳои бисёре аз ихтилофоти ҷаҳони муосирро муфассалан шарҳ доданд, аз ҷумла моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангиро шарҳу тафсир доданд. Дар ҳақиқат, дунёи имрӯза тавре аст, ки барои бурд кардани як ё ду давлат ҳазорон нафар қурбон мешаванд, одамони гумроҳ барои амалӣ шудани сиёсатҳои пурихтилоф суиистифода мегарданд, ҷомеаҳо пароканда шуда, давлатҳо аз байн мераванд. Дар чунин ҳолати пурхатар танҳо он давлатҳое осеб намебинанд, ки мардумонаш дар гирди давлати хеш ҷамъ омада, некро аз бад ба хубӣ фарқ карда метавонанд, ба таассубу хурофот ва мафкураи бегонаи зараровар тааллуқ намегиранд, аз пайи мақсадҳои худ мераванд»,-афзуд ӯ.

Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масъалаи ҳаҷи такрорӣ ва маъракаҳои баъди умра ва ҳаҷ изҳор кард, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад ва агар маблағи ҳаҷи такрорӣ бо мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд. Дар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро бояд интихоб кард, ки савобаш бардавом аст. Пуле, мактабе, роҳе, масҷиде ё ҳар ҷое, ки мардуми омма аз он истифода мебаранд, савобаш зиёдтар ва давомноктар мебошад. Воқеан, ҳар кори нек дар пешгоҳи Худованд савоби даҳчанд дорад. Чунонки дар ояти 160-уми сураи «Анъом» омадааст: «Ҳар касе некие оварад, ӯро даҳчанд (подош) аст».

Раиси Шурои уламо ёдовар шуд, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки «ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбад, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Хурофот хатаре аст, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад».

«Дарвоқеъ, мо худ шоҳиди онем, ки чӣ гуна хурофоту таассуб, ҷаҳолату ифротгароӣ ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азим оварда, ҷомеаро ба ҷанги бародаркуш таҳрик дода буд. Инчунин дар ин вохӯрӣ доир ба бегонапарстӣ дар сару либос, яъне бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ таъкидҳову тавсияҳои мушаххас доданд. Сарвари давлат, аз ҷумла иброз намуданд, ки «модарону занони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекунанд»,- илова кард Саидмукаррам Абдуқодирзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 13, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд