ОЁ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ НОРАСОИИИ КАДРӢ МАВҶУД АСТ? Ин масъаларо дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шарҳ доданд

Август 31, 2024 16:15

ДУШАНБЕ, 31.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат ба соли нави хониш  омодагӣ мебинанд. Яке аз масъалаҳои муҳим дар ин самт таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ мебошад. Маълум, ки шумораи хонандагон дар мамлакат сол то сол зиёд шуда, эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ бештар мегардад. Оё дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ норасоиии кадрӣ мавҷуд аст? Ин масъаларо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 150 ҳазору 370 нафар кадрҳои омӯзгорӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 96 ҳазору 984 нафарашон занон мебошанд. Аз ҷумла, 127 ҳазору 627 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, аз ин шумора  82 ҳазору 348 нафари онҳо занон мебошанд.

Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июли имсол зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, дар соли таҳсили 2023-2024 зиёда аз 16 ҳазор донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм карданд. Аз ин шумора 5418 нафар аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд.

Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи маориф боқӣ монда, дар шашмоҳаи якуми аввали соли 2024 норасоии 2670 омӯзгор сабт шудааст.

Барои ҳалли ин масъала дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2170 нафар донишҷӯ ба муассисаҳои таълимӣ равон  шуданд.

Тавре масъулин гуфтанд, тибқи дархости раëсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то моҳи июли соли 2024 эҳтиëҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ 4301 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023   46 нафар кам мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 31, 2024 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд