Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ифтитоҳ намуданд

Август 27, 2024 11:03

ДУШАНБЕ, 27.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 мавриди истифода қарор дода шуд. 

Акнун фарзандони сокинони маҳаллаҳои наздики ноҳияи Фирдавсӣ дар мактаби ҳозиразамон, ки аз 5 бинои 3 ошёна ва 58 синфхонаи кушоду барҳаво иборат мебошад, соли нави хонишро оғоз менамоянд.

Иншооти соҳаи маориф ва илм, ки барои 2 ҳазору 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар шароити муосир ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон бунёд гардидааст.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БДМ” ва “Самар — ДСМ” дар муҳлати муайян ба анҷом расид.

Масоҳати умумии замини муассиса беш аз 2 гектар буда, майдони зери сохтмон 9 ҳазору 468 метри мураббаъ мебошад.

Ҳар як синфхонаи таълимӣ бо мизу курсии нав ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз буда, барои тарбияи дурусти хонандагон беш аз 70 омӯзгори соҳибтахассус ба кор ҷалб шудаанд.

Синфхонаҳои компютерӣ дорои 80 компютери муосир ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошанд.

Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон ва писарон илмҳои дақиқу ҳунарҳои гуногунро аз бар намоянд.

Иншооти мазкур ҳамзамон дорои маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, китобхона бо 120 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона барои зиёда аз 280 нафар, синфхонаи инкишофи кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ аст.

Толори маҷлисии мактаб кушоду барҳаво буда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ – тарбиявӣ ва фарҳангӣ — фароғатӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ дар дохили муассиса як толор ва дар берун 2 майдончаи варзишии кушоду барҳаво сохта шудааст, ки ҷавобгӯйи талаботи замон аст.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 агар аз як тараф дар самти баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин саҳм гузорад, аз дигар ҷониб баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд, зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 130 ҷойи нави корӣ фароҳам шуд.

Ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, синфхонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасони муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар мактаби замонавии навбунёд ба масъулон ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи чунин як муассисаи зебову дорои шароити муосири таълиму тарбия дар арафаи соли нави таҳсили 2024 – 2025 туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандони сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 27.08.2024

Август 27, 2024 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд