Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»

Август 15, 2024 10:50

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти  шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун ҳар гуна таблиғот (рекламаҳо) вобаста ба  таъмини  ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Британияи Кабир зиёд гардидаанд.

Тавре дар маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин таблиғот (рекламаҳо) ягон асоси воқеӣ надошта, асосан барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои пулии шаҳрвандон истифода шуда, дорои пайомадҳои манфӣ, инчунин боиси ба шаҳрвандон расонидани зарари молу мулкӣ ба миқдори калон мегарданд.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат  нашаванд ва худро зери хатар нагузоранд.

АКС: Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2024 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд