Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии рейтингии S&P Global Ratings рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дараҷаи «B-» то «B» бо дурнамои «устувор» аз сабаби беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ баланд бардошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба болоравии рейтинг омилҳои рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд ҷумҳурии мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиши фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ дар солҳои охир, интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ доир ба таъйини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии мамлакат фаъолият анҷом медиҳад. Рейтинг соле як бор дода мешавад. Аз ҷумла, соли 2023 агентии рейтингии S&P Global Ratings ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги «B-/В»-ро бо дурнамои «устувор» сазовор дониста буд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд






