САБЗГАРДОНИИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР. Имсол ба Тоҷикистон 5266 мошини барқӣ ворид карда шуд

Август 14, 2024 16:56

ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 ба Тоҷикистон 3316 мошини барқӣ ба маблағи умумии 59 миллион доллари амрикоӣ ва дар 6 моҳи имсол 5266 мошини барқӣ ба маблағи умумии 76,4 миллион доллар ворид гардид, ки ин 26,7 фоизи шумораи умумии мошинҳои воридшуда (зиёда аз 19,7 ҳазор адад)-ро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

«Сабзгардонӣ»-и саноати мошинсозии ҷаҳон имрӯз дигар хабари нав нест. Омор бозгӯи он аст, ки фурӯши мошинҳои барқӣ дар саросари ҷаҳон солона 50-70 фоиз меафзояд. Моҳи июли имсол фурӯши ҷаҳонии мошинҳои барқӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 21 фоиз афзоиш ёфт. Беш аз 1,35 миллион мошинҳои барқӣ, аз ҷумла омезаи (ҳибридҳои) пурра барқӣ (BEV) ва пайвастшаванда (PHEV) фурӯхта шуданд.

Бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон имтиёзҳо ҷорӣ гардидаанд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 ворид намудани воситаҳои нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 ба ҷумҳурӣ манъ карда шуда, тибқи таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2022 қабул шудааст, воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ба муҳлати 10 сол озод карда шудааст.

«Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, андешидани тадбирҳои заруриро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, таъсиси замина барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва коллекторҳои (таҷҳизоти барқдиҳии) онҳо, бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва таъмиру нигоҳдории мошинҳои барқӣ, коркарди технологияи нобудсозии (утилизатсияи) аккумуляторҳо, додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар бартарият ба ронандагони мошинҳои барқӣ, ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ.

Дар барнома омадааст, ки қонеъ гардонидани талабот ба намудҳои нави мошинҳои барқӣ тавассути истифодаи иқтидори корхонаҳои хусусии ватанӣ амалӣ карда мешавад. Дар айни замон корхонаи «Акиа Авесто Автоматив Индастри» истеҳсоли оммавии намудҳои нави автобусҳои барқӣ, инчунин истеҳсоли бастабандонаи низомҳои дастгирии аккумулятор барои мошинҳои барқиро аз рӯи усули «мутобиқшавӣ» ба нақша гирифтааст, ки ин имкон медиҳад маҳсулот тибқи талаботи мушаххаси фармоишгар бо назардошти хусусияти техникӣ, андозагирӣ ва конструктивӣ истеҳсол карда шавад.

Тоҷикистон мақсад дорад дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ мошинҳои барқӣ истеҳсол намояд. Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, «Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон истеҳсол мекунад. Истифодаи мошинҳои барқӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳама ҷиҳат мувофиқ ва самаранок аст, бахусус дар давраи болоравии нархи сӯзишворӣ. Истифодаи мошинҳои барқӣ на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз лиҳози экологӣ низ манфиатовар аст, зеро он вобастагии ҷумҳуриро аз молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад».

Барои татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» беш аз 228 миллион сомонӣ заурр аст. Маблағгузории барнома дар ҳаҷми 1 миллиону 390 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷет, 6 миллиону 156 ҳазор сомонӣ аз ҷониби шарикони рушд ва 221 миллиону 370 ҳазор сомонӣ аз тарафи бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 14, 2024 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2025 маблағи изофанависии неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 92 миллион сомониро ташкил медиҳад
Масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот баррасӣ карда шуд
Доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар ташаккули иқтисодиёти муосир конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд
Кишоварзони вилояти Суғд беш аз 90 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Дафтари федералии энергетикаи Швейтсария мулоқот анҷом дод
Дар Душанбе фаъолияти лоиҳаҳои амалии GIZ дар бахши иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифт
Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд
Дар Берн рушди соҳаи алоқа ва рақамикунонии хизматрасонии почта дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Масъалаи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи моҳияти иқтисоди сабз конференсия баргузор шуд
Дар Кумитаи андоз масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирӣ он баррасӣ гардид