Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд

Август 30, 2024 16:23

ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст дар ошёнаи дуюми Муассисаи давлатии қасри теннис ва маҷмааи обии пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз осорхонаи навтаъсис боздид намуданд.

Дар осорхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих ва дастовардҳои соҳаи варзиши Гӯштингирӣ то замони истиқлол ва баъди истиқлоли давлатӣ муаррифӣ карда шуд.

Сипас, Президенти кишвар дар толори бошукуҳи маҷмааи варзишӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо Паёми шодбошӣ суханронӣ намуданд.

Дар толор 3000 нафар иштирокдорони чорабинии бошукуҳи варзишӣ, меҳмонон ва варзишгарон — намояндагони 63 давлати ҷаҳон ҳузур доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи меҳмонон, варзишгарон ва дигар иштирокдорони чорабинии бошукуҳи варзиширо ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Президенти кишвар аз таърихи бою қадимаи намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик — Гӯштингирӣ, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, ёдовар шуда, оид ба дастгирии давлатии он андешаронӣ намуданд ва рушди бахшҳои мухталифи варзиш, бахусус гӯштингирӣ ва аҳамияту афзалияти баргузории чунин ҳамоишҳои бошукуҳи варзиширо басо муҳим арзёбӣ карданд.

Зимнан аҳамияти Гӯштингирӣ дар тарбияи руҳию ҷисмонии инсон, ба хусус наврасону ҷавонон махсус таъкид гардид.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки муҳайё намудани шароити созгори инфрасохториву ташкилӣ барои рушди варзиш, ба шумули гӯштингирӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва бо талошу кӯшишҳои пайваста гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд.

“Натиҷаи тадбирандешиҳо дар ин самт аст, ки кишвари мо имрӯз мизбони чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба ин намуди варзиш, аз ҷумла, нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ мебошад” изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар таъкид намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе илова бар ин, ки мизбони ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба об ва дигар масоили глобалии сайёра мебошад, дар ин шаҳри зебову муосири тоҷикон бузургтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ низ баргузор мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “мо минбаъд низ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани Чемпионати Осиё, Ҷоми Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳон, инчунин, дигар мусобиқаҳои сатҳи баланди милливу ҷаҳонӣ оид ба Гӯштингирӣ талош хоҳем кард”.

Пешвои миллат баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, яъне нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингириро омили муҳимми тақвияти саломатӣ ва дӯстиву ҳамкории инсонҳо ва пойтахти Тоҷикистони азизи мо — шаҳри Душанберо шаҳри сулҳу дӯстӣ номиданд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо итминон изҳор доштанд, ки баргузории ин чорабинӣ марҳалаи тозаеро дар шинохти варзиши миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ оғоз менамояд ва ҷаҳониён шаҳри Душанберо ҳамчун мизбони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ беҳтару бештар мешиносанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи чорабинии варзишӣ барномаи рангини фарҳангӣ барои меҳмонон ва иштирокдорони нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ баргузор гардид.

Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштини варзишгарон аз рӯйи чор вазн барои дарёфти пирӯзӣ дар марҳилаи ниҳоӣ сурат гирифт.

Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмиллалии Гӯштингирӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдориҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 август дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ оғоз гардид, ки то 31 август идома меёбад.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд иштироки варзишгарони 63 давлат дар назар дошта шуда, қувваозмоиҳо аз рӯи вазнҳои мардон аз 65 то ҷамъи 95 кг ва миёни бонувон дар вазнҳои аз 52 то ҷамъи 70 кг баргузор мегардад.

Макони баргузории чемпионат Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муайян гардидааст.

31 август маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ доир карда мешавад.

Маблағи умумии ҷоизаҳо 400 000 доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Мавриди зикри хос аст, ки ҷонвари нодири Тоҷикистон – бабри барфӣ рамзи нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ пазируфта шуд.

Ҳадафи баргузории нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе, ки тавассути дастгириву пуштибонии Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани таърих, фарҳанг ва маданияти хоси миллати шарафманди тоҷик ва эҳёву рушди гӯштини миллии тоҷикӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар доираи баргузории нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ 29 августи соли 2024 бо иштироки намояндагони 62 кишвари олам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  якдилона Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии Гӯштингирӣ интихоб гардиданд.

Дар марҳилаи ниҳоии рақобатҳои Гӯштингирӣ паҳлавонон аз рӯи 4 вазн то 65, 70, 71 кг ва ҷамъи 95 қувваозмоӣ намуданд.

Дар вазнҳои то 65, 71 ва ҷамъи 95 кг гуруҳи мардона варзишгарони тоҷик — Муллораҷаб Халифаев, Масъуди Аҳмадзод ва Шакармамад Мирмамадов пирӯзӣ ба даст оварда, нахустин чемпионҳои ҷаҳон доир ба варзиши ҷаҳонигаштаи Гӯштингирӣ шуданд.

Дар вазни то 70 кг миёни бонувон варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон Гулноза Матниёзова чемпиони ҷаҳон ва Шоҳида Қаландарова соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба Гӯштингирӣ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолибони вазни то 65 кг медалҳо ва ҷоизаҳои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро тақдим намуданд.

Ба ҷоизадорони вазни то 71 кг медал ва ҷоизаҳои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва барандаи медали биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 Темур Раҳимов тақдим намуданд.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе 30.08.2024

Август 30, 2024 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии расмии нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Глобал Инвест» оғози расмӣ бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии «Норак»
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ифтитоҳ намуданд