СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид

Август 29, 2024 15:19

ДУШАНБЕ, 29.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт дар партави Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт, пешгирии кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои ҷиноятӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи наврасон дар руҳияи меҳанпарастӣ маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст.

Сатҳи баланди ташвиқу тарғиби Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз асосҳои болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат буда, шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон масъулиятнок бошанд, меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд, аз ҳуқуқҳои худ пурра истифода баранд ва дар ҷамъият рафтори шоиста дошта, худогоҳу ватандӯст бошанд.

Иштирокчиён даъват шуданд, ки дар ҳифзи суботу оромӣ ва пешрафту шукуфоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ «Дар  бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки аҳли ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат онро дастгирӣ намуд.

Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, он ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти хатарзо) ва ҳифзи фазои иттилоотии мамлакат аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад. Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Август 29, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд машварати дуюми дуҷонибаи котиботи Шурои амнияти Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид
Дар Ереван прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Арманистон тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе вобаста ба самти нотариат конфронси байналмилалӣ доир шуд
Ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ бо амри дил азми хизмат ба Ватани соҳибистиқлол намуданд
Дар Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2024» оғоз шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 2200 нафар ҷавонони ватандӯсти вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияи Файзобод бо ҷавонони ватандӯсти худ ифтихор дорад
ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН МАРДОНАГИСТ! Беш аз 300 ҷавон аз шаҳри Турсунзода ба сафи Артиши миллӣ шомил гаштанд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ! Ҷавонони далери ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ барои иҷрои рисолати ҷавонмардӣ ба ҳифзи Ватан гусел карда шуданд
Ҷавонони Гулистон, Истиқлол, Спитамен ва Айнӣ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ равон шуданд
БО ДУОИ НЕКИ МОДАРОН. Наваскарони ноҳияи Ёвон ба ҳифзи Ватан раҳсипор шуданд