Таҷрибаи Қазоқистон дар самти иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди истифодаи Тоҷикистон қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати кайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, ки яке аз омилҳои муҳим баҳри таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва муносибатҳои дӯстии ҳарду мамлакат дониста мешавад.
Ба имзо расидани ин санад воқеан ҳам ба рушди ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид мегузорад. Зеро Ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷои ҳаштум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи даҳум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи сиюмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди рушди технологияи рақамии ин давлат дарак медиҳад.
Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Қазоқистон хизматрасониҳо, аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ ва азнавбарасмиятдарории моликият, аз ҷумла амалӣ намудани хариду фурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади устувор намудани асосҳои сохтории иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтор ва васеъ кардани раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ», танзими раванди пардохти ғайринақдӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти инноватсия, идоракунӣ ва танзими раванди амалисозии «ҳукумати электронӣ», пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар шакли рақамӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, имзои электронӣ, савдои электронӣ, танзими зеҳни сунъӣ, такмили равандҳои технологӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳа фаъолияти босамар дорад.
Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, илмию техникӣ ва рушди инноватсия таҷрибаи кишварҳои минтақа ва дигар давлатҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст. Дар ин самт аллакай якчанд ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ оид ба рушди зеҳни сунъӣ ва рушди илмию инноватсионӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки пешрафти минбаъда дар асоси гузариш аз сенарияи индустриалӣ ба индустриалӣ-инноватсионӣ таъмин карда шавад.
Ҳоло дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръат амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид. Дар ин стратегия ба гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, рушди технологияи рақамӣ, барномасозӣ ва истифодаи логарифмҳо дар раванди қабули қарорҳо, идоракунӣ ва маъмуригардониву хизматрасонӣ афзалият дода шудааст.
Дар назар дошта шудааст, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. Истифодаи имконияти мавҷуда ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар оянда имконият медиҳад, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ марҳила ба марҳила дар соҳаҳои гуногун ҷорӣ ва яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти технологӣ дар мамлакат гарданд.
Шоистаи таҳсин аст, ки ҷониби Қазоқистон ҳамчун шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки таҷрибаи ғании худро дар самти иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба мутахассисони соҳаи ҳукумати электронии тоҷик бо роҳи ташкили машғулият ва даврҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қазоқистон омӯзонад.
Имзо шудани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати кайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон аллакай қадами устувор дар ин самт мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






