Табибони Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедови пойтахт барои ба боварии мардум сазовор гардидан талош менамоянд
ДУШАНБЕ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, имрӯз дар мамлакат Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон эълон гардидааст. Ба ин муносибат хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов» рафта, бо фаъолияти ин беморхона шинос шуда, бо директори ин муассиса Абдулло Сафарзода ҳамсуҳбат гардид.
Абдулло Сафарзода суҳбатро бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтанд: «Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст. Аз ин рӯ табибонро метавон «фариштаҳои сафед» ном бурд» оғоз намуд.
«Солимии ҷомеа дар ҳама давру замон солимии миллат, давлат ва дар маҷмуъ, сайёра дониста мешавад. Ҳамин аст, ки бо пайдо шудани бемориву маризиҳои гуногуни сироятӣ имрӯз бо қудрату тавоноӣ ва идроки ҳамидаи табибон аксар маризиҳо решакан мешаванд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Директори муассиса иброз намуд, ин шифохона аз соли 1968 то инҷониб фаъолият дошта, яке аз беморхонаҳои калонтарини зертобеи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Беморхона дорои 423 кати бистарӣ буда, зиёда аз 23 шуъбаи табобатӣ дорад. Муассиса аз се қисмат иборат мебошад: таваллудӣ бо зиёда аз 100 кат, сирояти кӯдакона бо 86 кат ва бемориҳои саматикӣ бо 235 кат.
«Муассиса аз 635,7 воҳиди корӣ иборат буда, дорои 855 корманд аст, ки имрӯз дар он 148 табиб фаъолият доранд. 78 корманд занон буда, аз шумораи умумии кормандон 42 фоизашро ҷавонон ва 98 нафарро табибони дорои тахассуси дараҷанок ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии табибон 27 фоиз дорои дараҷаи олӣ, 32 фоиз дорои дараҷаи якум ва боқимонда дорои дараҷаи дуюм мебошанд. Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳар сол кормандони мо барои баланд бардоштани малака ва таҷриба ба давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Абдулло Сафарзода илова намуд, ки дар муассиса муроҷиат ба шуъбаи таваллуд бештар мебошад. Яъне, талаботи шуъбаи таваллудӣ то 120 фоиз иҷро мешавад. Дар шуъбаи саматикӣ ин рақам аз 100 боло аст, зеро дар ин қисмат шуъбаи эндроклоника фаъолият дошта, дар он табибони варзида фаъолият доранд. Муроҷиати шаҳрвандон ба ин шуъба бештар аз бемории қанд аст. Дар ҷумҳурӣ ин беморхона барои табобати бемориҳои қанд нигаронида шудааст.
Сардухтур иброз намуд, ки «дар беморхона тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас мебошад. Дар айни замон дар беморхона табибони собиқадор таввасути шартнома ба кор ҷалб гардидаанд, то табибони ҷавон тавонанд аз таҷрибаи онҳо бархӯрдор гарданд».
Ташаккул ва рушди ҷомеаро бе пешрафти соҳаи тандурустӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Чунки ҷомеаи солимро инсони солим ба вуҷуд меорад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки «ҷомеаи солим аз фардҳои руҳан солим ташаккул меёбад».
«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо иброз намудаанд, «дар давлати соҳибистиқлоли мо саломатии мардум бойигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст». Аз ин рӯ, мо, табибон саъю талош менамоем, ки баҳри таъмини саломатии мардуми Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ба халқу Ватан содиқона хизмат кунем», — гуфт дар анҷоми суҳбат Абдулло Сафарзода.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС)
АМИТ «Ховар»








Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир карда шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Душанбе Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гардид
Сокинони ноҳияи Ёвон Рӯзи Парчами давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Душанбе масъалаи ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор дорад
Дар Вазорати адлия Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд






