То 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хатари омадани сел боқӣ мемонад

Август 6, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад, ки 6-7 август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво ва бар асари он об шудани пиряхҳо дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки бинобар хатари баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо резиши сангу ярч низ меафзояд.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо, роҳҳои кӯҳӣ ва дар наздикии обанборҳо эҳтиёткор бошанд.

Ҳамчунин Кумита аҳолиро даъват мекунад, ки барои таъмини бехатарӣ сари вақт ҷӯю канал ва заҳбурҳои маҳалли зисташонро тоза кунанд, то об аз маҷрои муқаррарӣ берун набарояд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 6, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд