Тоҷикистон ва Гурҷистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

Август 13, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо раиси шаҳри Батуми Арчил Чиковани ва роҳбарияти Департаменти сайёҳии шаҳри Батумии Гурҷистон тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва зиёд намудани гардишгарон аз ҳарду ҷониб баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон оид ба мавҷудияти имконияти фаровони сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кишоварзӣ ва шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ноил шудан ба дастовардҳои беназири соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ басо муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, робитаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ ва масоили омӯзиши истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаи Гурҷистон доир ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва мубодилаи сайёҳон байни ду давлат баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон ба Гурҷистон дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот»-и Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиш ва таҷриба андӯхтани кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат ташкил гардид.

Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон якчанд мавзеи сайёҳӣ ва таърихии шаҳрҳои Тифлису Мтсхетаро тамошо намуда, бо тарзи қабули сайёҳон дар нуқтаҳои хизматрасонии Гурҷистон, таҷрибаи ғании ширкатҳои сайёҳӣ ва усулҳои хизматрасонӣ ба сайёҳон шинос шуданд. Барои ташкили чунин низоми хизматрасонӣ ба сайёҳон дар Тоҷикистон имконияти зиёд мавҷуд аст ва амалисозии нақшаҳои мукаммал дар ин самт манфиатовар мебошад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Август 13, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст