33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи саноатӣ, бунгоҳи тиббӣ ва бинои баландошёна ба истифода дода шуд
РӮДАКӢ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Қиблаии Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Корхонаи нави саноатӣ маҳсулоти полимирӣ (ПИК) истеҳсол намуда, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ҷӯрахон Рабиев ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сохта шудааст. Дар айни замон дар корхона 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, барои онҳо шароити мусоиди кор, ҷойи хоб ва хӯроки гарм муҳайё шудааст.
Дар доираи ин ҷашни давлатӣ дар деҳаи Гулисойи Ҷамоати деҳоти Лоҳур бунгоҳи замонавии тиббӣ ва дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ — шаҳраки Сомониён бинои истиқоматии баландошёна мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






