Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии ҳудуди гарнизони Бохтар баргузор гардид

Сентябрь 28, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 сентябр дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои  ҳарбии ҳудуди гарнизон баргузор гардид, ки дар он риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» мавриди таҳлил қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар, полковники адлия Наврӯз Тоҳирзода иброз намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани фаъолият аз тамоми ваколатҳои назорати прокурорӣ самаранок истифода намуда, баҳри пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатии афсарону сарбозон ва ҳолатҳои саркашӣ ё фирор тадбирҳои иловагии зарурӣ андешиданд.

Инчунин таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, ватандӯстию ватанпарастии сарбозону афсарон  корҳои фаҳмондадиҳию ташвиқотӣ таҳким бахшида мешаванд.

Дар ҷаласа  ҳамчунин масъалаи вобаста ба  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.

 АКС: Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар

Сентябрь 28, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид