Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масоили мубрами марбут ба таъсиси озмоишгоҳҳои таълимии самти сайёҳӣ ва тибби сайёҳӣ ва ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳел Унал дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати мутахассисон ба семинарҳои омӯзишӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самти Паркҳои технологӣ, IT-парк ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд.
Меҳмонон бо самтҳои асосии «Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040» шинос гардиданд. Дар раванди мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳо густариш дода шуда, дар ҳамкорӣ бо Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ва TIKA дар Тоҷикистон ин тадбирҳо марҳила ба марҳила дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо амалӣ карда шаванд.
Меҳмонон бо фаъолияти институтҳои илмию тадқиқотии «Иқтисоди сабз», «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ», Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, институтҳои таълимии «Сайёҳӣ», «Иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и донишгоҳ шинос гардида, бо директорон мулоқот анҷом доданд.
Ҳамзамон бо пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос, марказҳои забономӯзӣ, маркази иттилооти сайёҳӣ, маркази идораи лоиҳаҳо ва озмоишгоҳҳои таълимии самти сайёҳӣ шинос шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






